Ифтитоҳи Беморхонаи байналмилалии Душанбе

Posted Fri, 11/13/2026 - 14:40
By shahnavoz

13 ноябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки беморхона барои дар як вақт ба ташхис фаро гирифтани 1200 мизоҷ ва хобондани 150 бемор пешбинӣ шуда, дорои 30 шуъба мебошад. Ҳамаи шуъбаҳо бо таҷҳизоти муосири ташхисӣ, табобатӣ ва озмоишгоҳӣ муҷаҳҳазанд. 

Ифтитоҳи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зари Душанбе

Posted Fri, 11/13/2026 - 14:37
By shahnavoz

13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Зари Душанберо ифтитоҳ намуданд.

Гуфта шуд, ки коркарди металлҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли ҷавоҳирот аз тиллою нуқра самти асосии фаъолияти корхона аст.

Ифтитоҳи бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Posted Fri, 11/13/2026 - 10:09
By shahnavoz

13 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот мутобиқ ба талаботи соҳа ва бо назардошти унсурҳои меъмории миллӣ сохта шуда, дорои тарҳи замонавӣ мебошад.

Иштирок дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

Posted Thu, 11/12/2026 - 11:49
By shahnavoz

11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

“Умедворем, ки Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки имрӯз қабул мегардад, ба истифодаи пурраи имкониятҳои Созмон мусоидат хоҳад кард”, - изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати мо қабули Изҳороти Шурои амнияти дастҷамъӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо терроризмро дастгирӣ намуданд.

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия

Posted Thu, 11/12/2026 - 11:48
By shahnavoz

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок менамоянд.

Сафари корӣ ба Федератсияи Русия

Posted Tue, 11/10/2026 - 17:00
By shahnavoz

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ифтитоҳи фосилавии 8 иншоот ва муаррифии лоиҳаҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Posted Thu, 11/05/2026 - 09:14
By shahnavoz

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд, як қатор иншооти таъиноти гуногунро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Аз ҷумла, бинои маъмурии раёсати омори ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Меҳробод сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Иншоот дорои чор ҳуҷраи корӣ буда, дар он барои 13 мутахассис шароити зарурии фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи Форел Платинум дар шаҳри Хуҷанд

Posted Thu, 11/05/2026 - 09:13
By shahnavoz

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои тарабхонаи Форел Платинум дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷандро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти хуштарҳи замонавӣ дар соҳили Сирдарё бо иқдоми ҶДММ Гулмоҳии Хуҷанд ва соҳибкори ватандӯст Муҳсин Шодиев бунёд гардидааст.